Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ. Далержон Дадоевич Ходжибаев

Читать онлайн книгу.

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ - Далержон Дадоевич Ходжибаев


Скачать книгу
ташкил медиҳад. Шохобаҳои калонтарини Амударё: дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии захираҳои обии ин ҳавза 82,5% аст. Дар шимолу ғарбии мамлакат шохобаи дигар, дарёи Зарафшон ҷойгир аст, ки ҷараёни миёнаи бисёрсолаи он ба 5,14 км3 рост меояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон фақат 3%-и ҷараёни он истифода мешавад, ҷориши боқимонда ба ҳудуди давлати ҳамсоя ҷорӣ мешавад.

      Ҷараёни солонаи умумии дарёҳо аз рўи солҳои гуногунобӣ аз 25 то 68 км3 тағир меёбад; аз ин ҳаҷм дар ҳудуди Тоҷикистон дар беҳтарин солҳо 52-53 км3-и он ташаккул меёбад (дар ҳавзаҳои Амударё – 50,5 км3, Сирдарё – 0,7 км3). Ва аз он ҳаҷми обгирӣ фақат 13 км3 –ро ташкил медиҳад, яъне танҳо чоряки ҷараёни дарёӣ барои сарфи оби миллӣ истифода мешавад, қисми боқимондаи он ба ҳудуди давлатҳои ҳамсоя ворид мегардад.

      Захираҳои умумии обҳои ошомидании (минералонӣ камтар аз 1г/дм3) зеризаминӣ зиёда аз 51,2 млн. м3-ро дар якшабонарўз ташкил медиҳанд. Аз онҳо захираҳои истифодашаванда – 7,6 млн.м3 дар як шабонарўз, ё 14,8% -ро ташкил медиҳад.

      Аз ин захираҳо тақрибан 65% (1,93 млн. м3 дар як сол.) истифода мешаванд. Вале, бо вуҷуди фаровонии захираҳои оби нўшокӣ, Тоҷикистон мамлакате мебошад, ки тараққиёти обтаъминкунии аҳолӣ суст аст, хусусан дар ҳавзаи дарёи Сир норасогии он мушоҳида мешавад (Вилояти Суғд).

      Барои барқароршавии захираҳои оби ошомиданӣ, гирдгардиши об, ки ҳамаи қисми гидросфераро бо ҳам мепайвандад аҳамияти асосиро мебозад.

      Дар гирдгардиши об элементҳои асосиро ҷудо менамоянд: атмосферӣ, уқёнусӣ ва материкӣ.

      Давомнокии фарзии (тахминӣ) ивазшавии ҳамаи ҳаҷми қисми додашудаи гидросфера дар раванди гирдгардиш бо мубодилаи фаъоли об тавсиф меёбад. Масалан, агар ҳаҷми умумии дарёҳо баробари 1200 км3 бошад, ин маънои онро дорад ки ҷараёни об дар дарёҳо 26,6 маротиба дар як сол, яъне ҳар 13 шабонарӯз азнав мегардад.

      А.Е. Ферсман обро минерали аз ҳама муҳими Замин номидааст, ки бе мавҷудияти он ҳаёт ҳам мавҷуд нест.

      Шароити гидрологӣ яке аз нақшҳои асосиро оид ба ташаккули муҳити табиат мебозад. Дар он ҷое, ки об дар миқдори зарурӣ мавҷуд мебошад, гуногунннамудии организмҳои зинда мушоҳида карда мешавад.

      Зери мафҳуми истифодабарии захираҳои обӣ – истеъмоли об ва рафъи он фаҳмида мешавад.

      Муаммои камшавии миқдорӣ ва пастшавии сифатии захираҳои обӣ, ки бо афзоиши истеъмоли об дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва маишӣ (камшавии миқдорӣ) ва ифлосшавии об (пастшавии сифатӣ) диққати мутахассисони ҳамаи ҷаҳонро ҷалб кардааст.

      Камшавии миқдориии захираҳои обӣ. Айни замон инсоният 12-13% ҷараёни дарёҳоро истифода бурда истодааст. (слайд WH water use)

      Дар саноат соҳаҳое, ки бештар обро истеъмол менамоянд ин – энергетика, саноати истихроҷи кӯҳӣ, металлургӣ ва химиявӣ мебошанд. Масалан, барои гудохтабарории (выплавка) 1 т чугун ва коркарди он ба пӯлод (сталь) 300 м3 об сарф мегардад, барои 1 т алюминий – 1500 м3, мис – 500 м3, қоғаз – 900 м3, каучуки синтетикӣ – 2100-3500м3. Боз ҳам ҳаҷми зиёди об дар хоҷагии қишлоқ истифода мешавад.

      Пастшавии сифати захираҳои обӣ. Сабабҳои асосии пастшавии сифатии захираҳои обӣ – ин ифосшавии


Скачать книгу